БОЙСУННОМА
Эҳдо ба Шарофи Ҷалил
Ман сафар кардам ба таърих,
Сорбонам – “Шоҳнома”,
Корвонам – “Тоҷикон”.
Ҳамдамам аз Носири Хисрав “Сафарнома”.
Бо “Сафарнома” сафар кардам, бидидам:
Родмарде аз билоди Бойсун
Дар кадомин ҷангалистон дошт бо хирсон набард.
Ман сафар кардам ба дарёҳо ба сони Синдбод
Аҳмад Абдуллоҳро дидам, ки аз дарёи Илм
Устухонҳои ниёи худ – Адиби Тирмизиро
Ҷамъ меоварду дар Омӯи ашки худ ҳамегардид ғарқ.
“Ман сафар кардам ба мулки шоирӣ”,
Як Масеҳои мусалмонро бидидам,
Форсигӯе зи пайвандони Салмонро бидидам.
Аз барои ошиқон “Раъно ва Зебо” дошт ӯ,
Дар сухан эъҷозҳо ҳамчун Масеҳо дошт ӯ.
Ман сафар кардам ба мулки дину ойин,
Чеҳраи нуронии Мавло Муҳиббуллоҳи Нуруллоҳро дидам дар он ҷо,
Як ҳабиби қудсии Аллоҳро дидам дар он ҷо.
Аз забонаш бори аввал ояҳои сабзи Қуръонро шунидам,
Шарҳи шеъри Бедилу маънои “Ирфон”-ро шунидам.
Ман сафар кардам ба барфистон,
То фарози қуллаҳои сар ба пешонии гардун.
Дар кадомин тахтасанги қуллае дидам, ки хаттотӣ шуда:
“Барф ҳам мегузарад”.
Саттор Турсун.
Ман сафар кардам ба мулки чашмаҳо,
Моҳиёни чашмаи Сайроб гуфтандам, ки бобоёни мо бо мо ҳамегуфтанд:
Мо шино бинмудаем андар дили дарёи шоирҳо,
Обҳо нӯшидаем аз чашмаи чашмони онон.
З-ин сабаб моро намедоранд,
З-ин ҷиҳат моро зиёратгоҳ медонанд.
Ман сафар кардам ба мулки решаҳову шохаҳо.
То Чанори пир рафтам.
Пирмарде дидаму гуфтам, ки шояд ӯ ҳамон бобои Муллоҷони мост,
К-ӯ ба пеши ин дархти кӯҳна аз таърихи миллат имтиҳон медод
Ҳамчу шогирде ба устод.
Ман сафар кардам ба Роҳи Абрешим,
Тоҷире дидам, ки дар сандуқи фӯлодин Китоби Осмониро
В-ояҳояшро таҳи сандуқи дил маҳфуз медошт,
Дар тарозуи хирад бар мекашид,
Ҳар чӣ к-аз амволи дунё дошт.
Дар нигоҳаш офтобе медурахшиду зимистонро баҳорон менамуд.
Шукри Яздон, Шукри иймон, шукри ёрон менамуд.
Қудсиён бар ҳайратам афзуда гуфтанд:
– Ӯст, номаш – Абдусаттори Ҳасан.
Ман сафар кардам ба мулки савту оҳанг,
Савти дарёҳо навозиш дод гӯшамро.
“Ҳасрати дарё”-и Хайруллоҳи Насриддин навозиш дод рӯҳамро.
Ман сафар кардам ба мулки ному нанг,
Модаре дидам, ки мегуфт алла тифлашро
Бо суруди “Тоҷикам”.
Худ намедонист, к-он аз ҳамдиёраш Иззатулло Кенҷа аст.
Ман сафар кардам ба мулки рӯшноӣ,
Равшанӣ дидам, ки аз равзан ба сони шир мерехт,
Равшане дидам, ки бар дилҳои мардум шеър мерехт.
Равшанӣ дидам, ки андар бешаи анбӯҳ раҳ меҷуст,
Равшане аз киштзори зеҳни мардум
Ҳосили “мардумгияҳ” меҷуст...
Ман сафар кардам ба мулке, к-аз азал номи шарифаш
Мозиву имрӯзу фардоро ба ҳам пайванд буд.
Номаи Масрури Абдуллоҳро хондам, ки мегуфт:
Бойсун – ин Бойсин на,
Бойсун Басванд буд,
Бойсун – Басканд буд!
#ҶАЪФАР #МУҲАММАД #ТИРМИЗӢТирмиз, соли 1994
@Jafar_Muhammad_Termizi------------------------
К О М М Е Н Т.
@Jafar_Muhammad_Bot