Салому паёме ба устоди мо,
Ба шахси азизу Худододи мо.
Табаррук суханҳои ширинатон,
Ва ҳарфҳои заррину рангинатон.
Шумо асри мою асархони мо,
Шумо илми мою саросар зиё.
Барои халоиқ ки нур офаред,
Азизеду баҳри ҳама меҳтаред.
Шумо Шеди моеду Хуршеди мо,
Шумо нури моеду умеди мо.
Адаб аз суханҳоятон солим аст,
Ва ҳам комиледу сухан комил аст.
Худо умр бидҳад набинед каме,
Фурӯзандаи мо, набинед ғаме.
Сарзамин бинозад ки дорад Шумо,
Чу олиму оқили бемунтаҳо.
Ба ҳар ҳарфатон вожаи Меҳан аст,
Дилу ҷону рӯҳу вуҷуду тан аст.
Фидоии роҳи фаровон шудед,
Хирадманду ҳам марди майдон шудед.
Ба чашму дилу дидаи мо шумо,
Навоию Ҷомии шайдо шумо.
Зи Саъдӣ сухан ибтидо мекунед,
Баҳор ин Гулистони мо мекунед.
Надидам ба мисли шумо ман шафиқ,
Ба Ҷомӣ бародар ба Фонӣ рафиқ.
Шумо назми мою камолоти мо,
Шумо бахти мою каромоти мо.
Таҷаллии меҳреду мо оби ҷӯ,
Намуда Худованди мо рӯ ба рӯ.
Қасам ки шоҳидии шоҳбайти мо,
Бибошад пур аз ишқу меҳру сахо.
Ду халқи азизро азиз кардаед,
Ва коми азизон лазиз кардаед.
Худо роҳатонро нурафшон кунад,
Худо рӯзатонро чароғон кунад.
Ба Меҳмони Кешӣ дуое кунед,
Дили бишкастаро давое кунед...
@Jafar_Muhammad_Termizi