JAFAR KHOLMUMINOV

#МУҲАММАД
Канал
Логотип телеграм канала JAFAR KHOLMUMINOV
@Jafar_Muhammad_TermiziПродвигать
387
подписчиков
1,18 тыс.
фото
185
видео
424
ссылки
Jafar Muhammad Termizi Kholmuminov Jafar Muhammadiyevich جعفر خالمؤمن اف ( جعفر محمد ترمذى) Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ Холмӯъминов Ҷаъфар Муҳаммадиевич Жаъфар Муҳаммад Термизий Холмӯминов Жаъфар Муҳаммадиевич
#ЖАЪФАР #МУҲАММАД #ТЕРМИЗИЙ

Бугун севимли газетамиз "Ҳуррият"нинг байрам сони - Матбуот ходимлари кунида бир туркум шеърларим эълон қилинибди. Машҳур журналист ва шоир акамиз Абдурасул Жумақуловни касб байрамлари билан қутлаб, ушбу эътибор ва ғамхӯрлик учун ташаккур изҳор этаман. Барака топсинлар.

27.06.2024.
@Jafar_Muhammad_Termizi
#Ҷаъфар #Муҳаммад #Тирмизӣ

Ҳофизи хушадои олтинсоӣ Тоҳирҷон Зокиров як ғазаламро замзама карданд. Садошон танинандоз бод!
------------------------
ШАБАКАИ МО:
@Jafar_Muhammad_Termizi
#Ҷаъфар #Муҳаммад #Тирмизӣ

Аз базми тараб бодагусорон ҳама рафтанд,
Мо бо кӣ нишинем, ки ёрон ҳама рафтанд...

Зиёрати қабри шоири зиндаёд, бародари ҳамдилам Абдуллоҳи Раҳмон.

Сариосиё, 30 майи соли 2024 t.center/Jafar_Muhammad_Termizi
#Ҷаъфар #Муҳаммад #Тирмизӣ

Ба сардабири  маҷаллаи байналмилалии электронии шеър - "Дӯстии халқҳо" додари азизам Убайдуллоҳи Сангин, ки маро ҳам ба узвияти ин маҷмӯа муносиб донистаанд, сипосгузорӣ изҳор менамоям.

08.05.2024.
@Jafar_Muhammad_Termizi
#ҶАЪФАР #МУҲАММАД #ТИРМИЗӢ

Бо арзи салому адабу эҳтиром, иди саъиди Фитрро барои ҳамаи дӯстонам муборак бод, мегӯям ва бо истифода аз ин фурсат, хабар медиҳам, ки дар ин рӯзҳо дувоздаҳумин китоби шеърам бо номи "Ақли бунафш" дар Тошканд (интишороти "AKZ SOFIA", 294 сафҳа, 500 адад) омодаи чоп шуд.

Ш А Б А К А:
@Jafar_Muhammad_Termizi
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Жаъфар #Муҳаммад #Термизий

Қобилиятли шогирдларимдан Шукруллоҳ Сирожнинг Сурхондарё вилояти телевиденияси орқали илк суҳбати. Муборак бўлсин!

24.01.2024.
@Jafar_Muhammad_Termizi
------------------------
К О М М Е Н Т.
@Jafar_Muhammad_Bot
#ЖАЪФАР #МУҲАММАД #ТЕРМИЗИЙ

Бугун Тошкент давлат шарқшунослик университети "Манбашунослик ва тасаввуф герменевтикаси" кафедраси профессори, тарих фанлари доктори, манбашунос-авестошунос олим Мирсодиқ Исҳоқовнинг таваллуд айёмларини нишонладик. Домланинг умрлари узоқ, китоблари кӯп бӯлсин!
------------------------
КАПАЛИМИЗ
@Jafar_Muhammad_Termizi
Комментарии
@Jafar_Muhammad_Bot
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#ҶАЪФАР #МУҲАММАД #ТИРМИЗ

Дуруд бар Шумо, Шукруллоҳи Сироҷ! Хониши бисёр хубе буд. Садоятон хаста мабод!

ШАБАКАИ МО:
@Jafar_Muhammad_Termizi
К О М М Е Н Т.
@Jafar_Muhammad_Bot
#ҶАЪФАР #МУҲАММАД #ТИРМИЗӢ

Баъд аз ҳазор сол зи сад дом растаам,
Ин домрастагӣ чи кунам? Паршикастаам!

Ш А Б А К А::
@Jafar_Muhammad_Termizi
------------------------
КОММЕНТАРИИ
@Jafar_Muhammad_Bot
БОЙСУННОМА

Эҳдо ба Шарофи Ҷалил

Ман сафар кардам ба таърих,
Сорбонам – “Шоҳнома”,
Корвонам – “Тоҷикон”.
Ҳамдамам аз Носири Хисрав “Сафарнома”.

Бо “Сафарнома” сафар кардам, бидидам:
Родмарде аз билоди Бойсун
Дар кадомин ҷангалистон дошт бо хирсон набард.

Ман сафар кардам ба дарёҳо ба сони Синдбод
Аҳмад Абдуллоҳро дидам, ки аз дарёи Илм
Устухонҳои ниёи худ – Адиби Тирмизиро
Ҷамъ меоварду дар Омӯи ашки худ ҳамегардид ғарқ.

“Ман сафар кардам ба мулки шоирӣ”,
Як Масеҳои мусалмонро бидидам,
Форсигӯе зи пайвандони Салмонро бидидам.
Аз барои ошиқон “Раъно ва Зебо” дошт ӯ,
Дар сухан эъҷозҳо ҳамчун Масеҳо дошт ӯ.

Ман сафар кардам ба мулки дину ойин,
Чеҳраи нуронии Мавло Муҳиббуллоҳи Нуруллоҳро дидам дар он ҷо,
Як ҳабиби қудсии Аллоҳро дидам дар он ҷо.
Аз забонаш бори аввал ояҳои сабзи Қуръонро шунидам,
Шарҳи шеъри Бедилу маънои “Ирфон”-ро шунидам.

Ман сафар кардам ба барфистон,
То фарози қуллаҳои сар ба пешонии гардун.
Дар кадомин тахтасанги қуллае дидам, ки хаттотӣ шуда:
“Барф ҳам мегузарад”.
Саттор Турсун.
Ман сафар кардам ба мулки чашмаҳо,
Моҳиёни чашмаи Сайроб гуфтандам, ки бобоёни мо бо мо ҳамегуфтанд:
Мо шино бинмудаем андар дили дарёи шоирҳо,
Обҳо нӯшидаем аз чашмаи чашмони онон.
З-ин сабаб моро намедоранд,
З-ин ҷиҳат моро зиёратгоҳ медонанд.

Ман сафар кардам ба мулки решаҳову шохаҳо.
То Чанори пир рафтам.
Пирмарде дидаму гуфтам, ки шояд ӯ ҳамон бобои Муллоҷони мост,
К-ӯ ба пеши ин дархти кӯҳна аз таърихи миллат имтиҳон медод
Ҳамчу шогирде ба устод.

Ман сафар кардам ба Роҳи Абрешим,
Тоҷире дидам, ки дар сандуқи фӯлодин Китоби Осмониро
В-ояҳояшро таҳи сандуқи дил маҳфуз медошт,
Дар тарозуи хирад бар мекашид,
Ҳар чӣ к-аз амволи дунё дошт.
Дар нигоҳаш офтобе медурахшиду зимистонро баҳорон менамуд.
Шукри Яздон, Шукри иймон, шукри ёрон менамуд.
Қудсиён бар ҳайратам афзуда гуфтанд:
– Ӯст, номаш – Абдусаттори Ҳасан.

Ман сафар кардам ба мулки савту оҳанг,
Савти дарёҳо навозиш дод гӯшамро.
“Ҳасрати дарё”-и Хайруллоҳи Насриддин навозиш дод рӯҳамро.

Ман сафар кардам ба мулки ному нанг,
Модаре дидам, ки мегуфт алла тифлашро
Бо суруди “Тоҷикам”.
Худ намедонист, к-он аз ҳамдиёраш Иззатулло Кенҷа аст.

Ман сафар кардам ба мулки рӯшноӣ,
Равшанӣ дидам, ки аз равзан ба сони шир мерехт,
Равшане дидам, ки бар дилҳои мардум шеър мерехт.
Равшанӣ дидам, ки андар бешаи анбӯҳ раҳ меҷуст,
Равшане аз киштзори зеҳни мардум
Ҳосили “мардумгияҳ” меҷуст...

Ман сафар кардам ба мулке, к-аз азал номи шарифаш
Мозиву имрӯзу фардоро ба ҳам пайванд буд.
Номаи Масрури Абдуллоҳро хондам, ки мегуфт:
Бойсун – ин Бойсин на,
Бойсун Басванд буд,
Бойсун – Басканд буд!

#ҶАЪФАР #МУҲАММАД #ТИРМИЗӢ

Тирмиз, соли 1994
@Jafar_Muhammad_Termizi
------------------------
К О М М Е Н Т.
@Jafar_Muhammad_Bot
#ҶАЪФАР #МУҲАММАД #ТИРМИЗӢ

Як ғазаламро дар нашрияи электроникии "Конуни адабии мавҷ" (Афғонистон) нашр кардаанд.

06.09.2023.
@Jafar_Muhammad_Termizi
------------------------
К О М М Е Н Т.
@Jafar_Muhammad_bot
#Ҷаъфар #Муҳаммад #Тирмизӣ

Аз гурӯҳи "Истеъдодҳои дурахшон" сертификат тақдим карданд. Аз муассисони ин гурӯҳи адабӣ сипосгузорам.

Ш А Б А К А:
@Jafar_Muhammad_Termizi
------------------------
Комментарии гузоред!
@Jafar_Muhammad_Bot
#Ҷаъфар #Муҳаммад

ҶАМШЕД ВА КИТОБҲОИ МАН: ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар маҳзари устод РУСТАМИ ВАҲҲОБ ва дигарон. Моҳи майи соли 2023.

@Jafar_Muhammad_Termizi
------------------------
Комментарии
@Jafar_Muhammad_Bot
#Ҷаъфар #Муҳаммад #Тирмизӣ

ҶАМШЕД ВА КИТОБҲОИ МАН: ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Моҳҳои май-июни соли 2023.

ҶАМШЕДИ ЧАҒОНӢ

ҶОМАДОНИ САФАРИ УСТОДАМ

(Дар идомаи шеъри “Ҷамадони сафар”- и устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ)

На, на, Устоди азиз!
Ту накун бар худ ҷавр!
Ва нагӯ ин тавр:
ки "Дер шуд,
Соати ман занг назад,
Макри ғанаб
Чашми варо бурда ба хоб.
Ҷомадони сафарам кӯҳнаву холиву хароб".

Ту нахӯр дигар ғам!
Ту накун чашми дилатро пурнам!
ва нагӯ ҳам:
ки "Ҷомадони сафарам мебояд,
Пур зи ғазал,
Пур-пури роз,
Наву зебову азим,
Наву зебову азим.
Ҷомадони сафарам мебояд,
Пур зи наво,
Пур зи ниёз
Ба Худованди карим,
Ба Худованди карим..."

Бубин, Устоди азиз!
Ҷомадони сафари ту шуда пур.
Дохилаш пур зи ғазал,
Ҳикмату ашъору масал.
Дохилаш пур зи китоб,
пур зи пурсиш,
Пур зи ҷавоб,
пур зи даъват ва хитоб!

Бубин, Устоди азиз!
Ҷомадони сафари ту шуда пур
аз ишқу умед,
аз салому паёмҳои навид.
пур зи ниёз,
маҳраму роз,
марҳаму соз...

Бубин, Устоди азиз!
Ҷомадони ту нест кунун тираву тор,
Ҳаст пур-пури гул ҳамчу баҳор.
Пур-пури нақшу нигор,
Пур-пури розу ниёз,
Пур зи маъноҳои накшудаву боз,
ки дар ин рӯз,
Ошиқони дилсӯз,
Ҷомадони ғазалу шеъри таратро,
ширу шакаратро,
Аз гулистони дилат
Аз даст ба даст,
Аз қалб ба қалб,
Аз шаҳр ба шаҳр,
Аз баҳр ба баҳр,
Мекашонанд ба дӯш,
Мекашонанд ба ҷон,
Гирди ҷаҳон,
То ба фардо!
То ба фардо!

@Jafar_Muhammad_Termizi
------------------------
Комментарии
@Jafar_Muhammad_Bot
#Ҷаъфар #Муҳаммад #Тирмизӣ

ҶАМШЕД ВА КИТОБҲОИ МАН

Мисли ин ки се сафари охирини шогирди бисёр хубам ҶАМШЕД ҶУМЪАҚУЛОВ (ҶАМШЕД ПАНҶИЗОД, ҶАМШЕДИ ЧАҒОНӢ) ба ДУШАНБЕ - пойтахти Тоҷикистони азиз бо китобҳои ман муртабит будааст. Дар асл Ҷамшед ду соли охир дунболи дифоъи поённомаи дуктурии худ дар Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рафтуо дошт. Чанд моҳ пеш занг заду гуфт, ки "устод, сафари Тоҷикистон дорам, амру фармойише надоред?". Гуфтам, ки "ман тақрибан 26 сол мешавад Душанбе нарафтаам. Ин зебошаҳри ҷавониҳоям, шаҳри устодони азизу дӯстони меҳрубони давраи ҷавониямро бисёр пазмон шудаам. Чанд сол боз озими сафар мешавам, қисмат меҳрубонӣ намекунад. Шумо, ки рафтед, ба устодону дӯстони ман салому паёми маро ҳам бирасонед". Гуфт, ки "Ба чашм. Китобҳоятон мебуд, беҳтар буд, мерасондам". Бисёр хушҳол шудам. Зуд дунболи гирдоварии китобҳои ирсолӣ шудам ва пайи ҳам се бор се даста китобҳоямро фиристодам. Гуфтам, ки "чӣ тур тақсим мекунед, ихтиёр доред, вале аз таълифоти худам чандтоӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки замоне панҷ сол беҳтарин гӯшаи мутолиъоти ман буд, ҳатман тақдим намоед". Ҷамшед китобҳои ирсолиро, ки нисфаш китобҳои муаллифони дигар (ки ман ё бештар доштам, ё мутолиъа карда будам) буданд, ба се даста тақсим кард: 1) Барои кафедраи "Филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ"-и Донишгоҳи давлатии Тирмиз (ки банда низ солҳои 1993-1998 муаллими ҳамин кафедра будам ва имрӯз он ҷо чанд нафар аз дӯстон ва шогирдонам кор мекунанд); 2) Барои худаш; 3) Барои Тоҷикистон. Акс гирифту ба ман нишон дод. Гуфтам: "олӣ!". Инак, аз он рӯзҳо се моҳ бештар гузашт. Дар ин миён Ҷамшед се бор ба Душанбе рафту омад. Муҳокимаи рисолаи илмияшро аз Семинари илмӣ гузаронд, ба ҳимоя тавсия шуд. Вале зимни он сафарҳо ҳамеша кӯлабори китобҳои ман ба дӯш аз муассисае ба муассисае мерафт, то бо онҳо паёми меҳру муҳаббати маро ба устодононаму дӯстонам бирасонад ва аз онҷо аксҳое ҳам мегирифту аз тариқи телгром ба ман ирсол мекард. Баъд аз сафари дуввум шеъре ҳам дар ин мавзӯъ навишт, ки мамлу аз меҳру муҳаббат ва садоқати як шогирд ба устод буд. ...Ва дилам бисёр пур шуд. Ба ҶАМШЕДИ ЧАҒОНӢ дуъо кардам, ки: "ИЛОҲО, ТУ ҲАМ ДОКТОРИ ИЛМ БИШАВИВУ УСТОДИ ЗАБАРДАСТ! ИЛОҲО, РӮЗЕ БИРАСАДУ КИТОБҲОИ ТУРО ҲАМ ШОГИРДОНАТ АЗ ШАҲРЕ БА ШАҲРЕ БИБАРАНД!"
...ВА ИЛОҲО, ҲАМАРО ШОГИРДОНЕ ЧУН ҶАМШЕДИ ПАНҶИЗОД НАСИБ КУНАД."

@Jafar_Muhammad_Termizi
------------------------
Комментарии
@Jafar_Muhammad_Bot
Жаъфар Муҳаммад

ЧУМОЛИГА ХАТ

Ассалом, Чумоли! Аҳволинг қалай?
Қайларда тентираб юрибсан менсиз?
Ассалом, Чумоли! Ернинг остида
Аҳволинг яхшими рўйи заминсиз?

Ассалом, Чумоли! Сулаймон қўли,
Қўлингдан кетдими, ғамгин хотирсан?
Ё ошиқ бўлдингми, япроқда ёзган
Дарахтнинг шеърини ёдлаётирсан!

Ассалом, Чумоли! Бу кенг оламда
Минг танга бўлдими сичқоннинг ини?
Ассалом, Чумоли! Наҳот сенга ҳам
Шунча тор келдими рўйи замини?

Ассалом, Чумоли! Билсанг ҳам керак,
Қоғозда хат ёзиш модадан қолган.
Интернет деган бир оғайним чиқиб
Барчани интернат кўйига солган.

Ассалом, Чумоли! Ҳали қиш узоқ,
Ертўлангда донинг бўлса, ётавер.
Ассалом, Чумоли! Хайём майидан
Хурмачангга сиғса, ётиб, отавер!

Ассалом, Чумоли! Эсмоқда совуқ
Ғарбона, бегона шимол шамоли.
Шарқона яшашдан чарчамадингми?
Эй филни йиқитган шердил чумоли!

Ассалом, Чумоли! Чарчаб кетмоқда
Қалбимда чанқаган ҳиссиётларим.
Ассалом, Чумоли! Кимга ҳам керак
Дарду ҳасратларим – бу баётларим?

Ассалом, Чумоли! Ёруғ дунёда
Ертўлангдай юролмайсан батамкин.
Ҳатто бир авлиёсифат одам ҳам
Сени кўрмай босиб олиши мумкин.

Ассалом, Чумоли! Янгиликлар кўп,
Лекин сенга айтар янгилигим оз...
СМС деган бир мушук чиқувди
Миёвлаб ётибди чўнтагимда боз.

Ассалом, Чумоли! Осмон остида
Заминий дардларим билсанг, бир талай.
Мақсадим аслида битта сўз эди:
Ассалом, Чумоли! Аҳволинг қалай?

#ЖАЪФАР #МУҲАММАД #ТЕРМИЗИЙ

Тошкент, 2015 йил 3 январ
@Jafar_Muhammad_Termizi
----------------------
Ӯз фикрингизни бу ерда қолдиринг!
@Jafar_Muhammad_Bot
#Жаъфар #Муҳаммад

Бугун Жаъфар Муҳаммадни 2022 йилдаги халқаро маданий ва илмий алоқалар соҳасидаги фаолиятлари учун Халқаро Тинчлик ва бағрикенглик академияси аъзолигига қабул қилишди. 29.04.2023.

امروز دكتر جعفر محمد ترمذى را براى فعاليت هايش در زمینه ى روابط فرهنگى بين المللى به عضويت أكاديمى بين المللى صلح و همگرايى پذيرفتند. ٢٩ اوريل سال ٢٠٢٣

http://Telegram.me/Jafar_Muhammad_Termizi
----------------------
@Jafar_Muhammad_Bot
#Жаъфар #Муҳаммад #Термизий

Бойсунлик маърифатли бир шогирдим Нормуҳаммад Жӯраев "Қарамадинг" номли шеъримни (Баҳром Назаров қӯшиқ қилиб куйлаган) таҳлил қилиб, "Бойсун" газетасида яхши бир мақола нашр эттирибди. Қӯли дард кӯрмасин.

КОММЕНТАРИИ
@Jafar_Muhammad_Bot
----------------------
К А Н А Л:
@Jafar_Muhammad_Bot
#Жаъфар #Муҳаммад #Термизий

ТЕҲРОНДАГИ 400 МЕТРЛИК ЭНГ БАЛАНД МИНОРА - "БУРЖИ МИЛОД"ДА (ПАЙҒАМБАРИМИЗ МАВЛУДИ ШАРИФЛАРИ МУНОСАБАТИ БИЛАН ҚУРИЛГАН) ДЎСТЛАР БИЛАН БИРГА: ПРОФЕССОР МУҲАММАД НОСИР (ПОКИСТОН), ПРОФЕССОР НЕЪМАТ ЙИЛДИРИМ (ТУРКИЯ), ДОКТОР МУҲАММАД ТАЙФ (ИРОҚ).

Теҳрон, БУРЖИ МИЛОД. 23.03.2023.

http://Telegram.me/Jafar_Muhammad_bot
--------------------
К А Н А Л:
@Jafar_Muhammad_Termizi
#УСТОЗ #ЖАЪФАР #МУҲАММАД

КАРБАЛО УНИВЕРСИТЕТИ ФОРС ТИЛИ ВА АДАБИЁТИ КАФЕДРАСИ МУДИРИ ДОКТОР МУҲАММАД ТАЙФ (ИРОҚ) БИЛАН СУҲБАТ.

Теҳрон, Халқаро Наврўз фестивали, 21.03.2023.

К О М Е Н Т.
@Jafar_Muhammad_Bot
--------------------
Telegram.me/Jafar_Muhammad_Termizi
Ещё