JAFAR KHOLMUMINOV

#Муҳамиад
Канал
Логотип телеграм канала JAFAR KHOLMUMINOV
@Jafar_Muhammad_TermiziПродвигать
387
подписчиков
1,18 тыс.
фото
185
видео
424
ссылки
Jafar Muhammad Termizi Kholmuminov Jafar Muhammadiyevich جعفر خالمؤمن اف ( جعفر محمد ترمذى) Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ Холмӯъминов Ҷаъфар Муҳаммадиевич Жаъфар Муҳаммад Термизий Холмӯминов Жаъфар Муҳаммадиевич
#Ҷаъфар #Муҳамиад #Тирмизӣ

Даҳ ё бист китоб чоп кардану чанд орден ё унвони давлатӣ гирифтан ҳанӯз далели шоир будани шахс нест. Баъзе зоҳирбинон ҳамин унвону орденҳоро меъёр медонанд ва муаллифи назмгунаҳоро бо тавсифҳои ғайри воқеъӣ ситойиш мекунанд. Шоири воқеъӣ ҳамон аст, ки шеъраш дар ҳаёти маънавии ҷомеъа, дар олами ботинӣ ва дунёи зеҳнии мардум, кӯтоҳи сухан, дар қалби одамон зиндагӣ кунад. Агар ғайри ин бошад, нозим аст, на шоир.

Ш А Б А К А:
@Jafar_Muhammad_Termizi
ИШҚ ОМАДУ...

Ишқ омаду ишқ омад – бо нури дигар омад,
Май омаду май омад – з-ангури дигар омад!

Шаб омаду шаб омад, ошиқ ба тараб омад,
Сад ҳарза ба лаб омад – махмури дигар омад.

Моҳ омаду моҳ омад, он зеби нигоҳ омад,
Бо нолаву оҳ омад – ранҷури дигар омад.

Тор омаду тор омад, оҳанги фигор омад,
Сад дил ба фишор омад – сад шӯри дигар омад.

Рӯз омаду рӯз омад, зулмотфурӯз омад,
Дунёи рамуз омад – ганҷури дигар омад.

Дард омаду дард омад, андӯҳнавард омад,
Сарҳанги набард омад – мағрури дигар омад.

Ҷор омаду ҷор омад: девонаи ёр омад!
То пояи дор омад – Мансури дигар омад!

#ҶАЪФАР #МУҲАМИАД

1991👈👉 T.me/Jafar_Muhammad_Termizi