JAFAR KHOLMUMINOV

#ҶАЪФАР
Канал
Логотип телеграм канала JAFAR KHOLMUMINOV
@Jafar_Muhammad_TermiziПродвигать
387
подписчиков
1,18 тыс.
фото
185
видео
424
ссылки
Jafar Muhammad Termizi Kholmuminov Jafar Muhammadiyevich جعفر خالمؤمن اف ( جعفر محمد ترمذى) Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ Холмӯъминов Ҷаъфар Муҳаммадиевич Жаъфар Муҳаммад Термизий Холмӯминов Жаъфар Муҳаммадиевич
К первому сообщению
ҒАЗАЛИ ЗУЛҚОФИЯТАЙН

Бе ишқ санг санъати мармар шудан надошт,
Дар батни баҳр қимати гавҳар шудан надошт.

Ҳайрат асири чеҳраи ойинае набуд,
Зар зеби дасти тоқати заргар шудан надошт.

В-ар дасти заргар ишқнавозӣ наменамуд,
Ҳар симу ганҷ зинати зевар шудан надошт.

Ангури кимиёсафари шаҳри тори хум,
Маснаднишини сирати соғар шудан надошт.

Ҳайрат калиди қуфли каломи мухайял аст,
Бе ишқ лек сарвати сарвар шудан надошт.

В-он лаъли бебадили Бадахшон, азизи ман,
Дар қалби кӯҳ ғайрати аҳмар шудан надошт.

Маъно кароматофари фарзонае набуд,
Бе фарри ӯ маҳорати меҳтар шудан надошт.

Бе нафхаҳои ишқи ҷаҳонсӯзи ҷонгудоз,
Инсон ба даҳр қудрати мазҳар шудан надошт.

Бе накҳати сафеду нафиси муҳаббате,
Мушки татор ҳиммати анбар шудан надошт.

Бебаҳра буд агар дили камзарфи ман зи ишқ,
Ҳатто ба хоб ҷуръати Ҷаъфар шудан надошт.

#ҶАЪФАР #МУҲАММАД #ТИРМИЗӢ

Ш А Б А К А:
@Jafar_Muhammad_Termizi