View in Telegram
@tajikistan_persia
Ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиату меҳнати деҳқон ва арҷгузорӣ ба ваҳдати инсону табиат таҷлил мегардад. Соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳёи ҷашни Меҳргон, ки ифодагари анҷоми ҷамъоварии ҳосил аст, қарор қабул кард ва Меҳргон ба рӯйхати идҳои расмӣ дохил шуд. Рубоб сози тории мусиқӣ буда, дар байни халқҳои Шарқ, алалхусус тоҷикон маъмул аст. Дар Тоҷикистон рубоб сози миллии мусиқӣ дониста мешавад. Зимни ҷаласа номинаи муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Эътирофи ин унсур аҳамияти фарҳангии санъати мусиқии суннатии чор кишварро таъкид мекунад.
Share
Love Center - Dating, Friends & Matches, NY, LA, Dubai, Global
Find friends or serious relationships easily
Start