Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ
ПАЛИДИ КӮЖПУШТ
Кӯжпушти гандапир
Бо даҳони бӯйнокаш
об мерезад ба гулҳое, ки руста
дар харита.
Мешавад бадбӯ ҳама ҷои харита,
Хушк мегарданд гулҳои харита.
Дасти каҷҷаш аз Сулаймон дев месозад,
Девро хоҳад, ҳамесозад Сулаймон.
Аз парешон ҷамъ месозад,
Ҷамъро хоҳад, ҳамесозад парешон.
Аз мусалмон кофири мушрик,
Хоҳад, аз кофир ҳамесозад мусалмон.
Чашми олусаш якеро севу серо як,
В-аз тамоми рангҳо
ранги сиёҳу сурх мебинад.
Пайравонашро ба ҷоду
сӯйи рахти хоб мехонад.
Бо заъифон як шаби кӯтоҳ,
Бо тавоноён ҳазору як шаби татвилхӯрда
айш меронад.
Кӯжпушти гандапиру садзабону садлаба
Ҷодуҳое медамад бар ошиқони ҷоҳу дунё
Якшаба
Ё садшаба...
Тошканд, декабри соли 1998
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi