Рӯзи 7-и ноябри соли 2024 дар Маскав дидори дувоздаҳуми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Сергей Лебедев, муншии умумии ИДМ иштирок ва дар суханронии худ зикр кард, ки Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳоди Котиботи СААД-ро перомуни таъсиси гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои масъули ҳарду созмон барои таҳияи Роҳкори муштараки эҷоди “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Перомуни маънои эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон бо хабарнигори радиои “Afghanistan International Radio” дар барномаи “Назаргоҳ” рӯзи 8 ноябр суҳбат кардем.
Эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон аз нахустин ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии кишварамон аст, ки бори аввал соли 1998 дар Маҷмааи умумии СММ пешниҳод гардид ва дар оғози соли 2022 дар нишасти сарони кишварҳои СААД бори дигар хотирнишон шуд.
Агар ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ доред, лутфан суҳбатро гӯш кунед.
https://t.center/shrizoyon