View in Telegram
اندیشکده - Андешакада
Ёддошти сафар ба Амрико (Х)
Ба ҷойи охирсухан.
Тавре дар аввали ёддошт овардам, навиштанро дар фурудгоҳи Сан-Франсиско дар таърихи 26 июн сар кардам, бо чанд сабаб, нахуст корҳои дигарӣ фаврӣ, ки бояд анҷом медодам, баъдан сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳо ва ба хориҷи кишвар, ниҳоят гармии ҳаво, ки имкони нишастану навиштан душвор буд – дар давоми моҳҳои июл ва август дар Душанбею Хуҷанд идома дода, ду ҳафтаи охир асосан бо ҳамин кор машғул будам. Инак, соати 13:36 рӯзи 5-уми октябри соли 2024 ба фарҷом расонидам. Ҳоло саволҳои зиёди бепосухро дар сар дорам ва дар бораашон меандешам. Шояд дар посухи ин саволҳо ягон мақолаи алоҳидаро дар оянда менависам. Агар даъвати кормандони Сафорати Амрико дар Душанбе намебуд, ба ин кишвар намерафтам ва ин матн ҳам пайдо намешуд. Ба ҳамаи онҳое, ки ин сафарро тарҳрезӣ ва барои амалӣ гардиданаш кор карданд, самимона сипосгузорам. Умедворам, ки баъзе нуктаҳои навиштаам, онҳоро нороҳат намекунад. Чун ҳадафам на ҳамту рафта омадан, балки фурсатро барои беҳтар шинохтану фаҳмидан истифода кардан буд. То куҷо ба ин даст ёфтам, вақт нишон медиҳад. Кӯшидам бардоштҳоямро нависам ва умедворам, ки барои Шумо, хонандагони гиромӣ, хушоянд буд ва шояд чизеро барои худ гирифтед ё нуктае буд, ки боиси пайдо шудани андешае гардид. Бо ҳамин навиштани дидаҳо, шунидаҳо, андешаҳо ва бардоштҳо аз сафар ба Амрикоро, яъне сафаргуфтаҳоро ба охир мерасонам. Аз Шумо хонандагони гиромӣ, самимона сипосгузорам, ки вақти худро сарф карда, дар давоми се моҳ навиштаи маро хондед. Худованд Шуморо дар паноҳаш нигаҳ дорад.
Шаҳри Душанбе, 5-уми октябри соли 2024
Share
Telegram Center
Channel
Join