View in Telegram
Ёддошти сафар ба Амрико (Х) Поёни гуфтор (3) Перомуни минтақаи замонии Амрико. Пештар аз дӯстону пайвандони таҷрибаи сафар ба Амрикоро дошта, шунида будам, ки бо назардошти гуногун будани минтақаи замонӣ, барои бадани инсон каме мушкил пеш меояд. Барои ман аслан чунин масъала ба вуҷуд наомад, чун солҳои дароз асосан шабона кор мекунам ва рӯзона дам мегирам. Вақте ба Амрико рафтем, гуё ба минтақаи замонии худ афтода бошам, чун рӯзи онҷо шаби мо ва рӯзи мо шаби онҷо аст. Шаб хоб нарафта, кор кардан як камбуди ҷиддӣ мебошад, вале ҷойи мусбат ҳам доштааст. Перомуни дидору гуфтугӯ бо ҳамватанон. Вақти дар Амрико буданам бо чанде аз ҳамватанон додору тамос доштам. Бо Далер Ғуфрон, Бахтиёр Исоев, Наврӯзако Сиддиқов, Ҳабиб Мирзоев, Акмалхон Баҳодуров ва Беҳзод Исомиддинов мукотиба доштам, барои ҳолпурсӣ ва суханони некашон ба ҳар кадомашон сипосгузорам. Азбаски барномаи сафари мо дар дастамон набуд, танҳо бегоҳ бекор мешудем. Фақат дар Вошингтон фурсат шуд, бо ҳамватанон бо Маъруфҷон ва Кайхусрав вохӯрам. Бо Маъруфҷон чанд сол пеш шинос шудем ва он кас яке аз дастандаркорони гурӯҳи фейсбукии “Таърихи Хуҷанд” ҳастанд. Маъруфҷон то кӯч бастан ба Амрико дар Русия кор мекарданд ва дар шаҳри Новосибирск сихкабоб мепухтанд. Дар Вошингтон низ ҳамин корашонро идома медиҳанд ва як бегоҳ сихкабоби гӯсфандӣ ва қимма пухта оварданд, ки маззааш бӯйи Ватан мекард. Дӯстам Руслан Изимов (чиншинос аз Қазоқистон, ки дар боло дар бораи тавсияаш навиштам) нафари дилёб аст ва забони кормандони меҳмонхонаро ёфту аз онҳо табақу панҷшохчаю ҷом овард. Он бегоҳ мо бо хонуми пажуҳишгар аз Қазоқистон мулоқот доштем ва он кас чанд мақолаи ману акои Маҳмуд Ғиёсовро дар пойгоҳи таҳлилии зери мудирияти худ нашр карда буданд. Хулоса, чор нафар ҳам суҳбат ва ҳам сихкабобро нӯши ҷон кардем. Аз сафари ману Руслан ба Амрико чанд рӯз сипарӣ шуда буд ва маззаи ғизои ватаниро даҳон доштем, аммо хонум, ки чанд сол боз ба зодгоҳашон наомадаанд, барои он кас маззаи сихкабоб бисёр гуворо тофт. Ҳатто бовар надоштанд, ки дар Вошингтон ҳам сихкабобро бо чунин мазза пухта мешудааст. Бо Кайхусрав соли 2011 дар як урдугоҳи таълимӣ ҳамроҳ ширкат доштем: ман муррабӣ будаму он кас иштирокдор. Ҳоло дар як ширкати фанновариҳои иттилоотӣ кор мекардаанд ва ҷойи худро дар зиндагӣ ёфтаанд. Бо даъвати Кайхусрав ба ҷойи корашон рафтем, ки як сохтмони зебои баландошёна буд. Дар бомаш тамошогоҳ дошт, ки ҷойи истироҳати кормандон дар ҳавои кушод будааст. Дар роҳаткурсиҳои боми сохтмон нишаста, ҳам намои шаҳри Вошингтонро тамошо кардем ва ҳам як суҳбати хубе анҷом додем. Кайхусрав қариб 10 сол дар Амрико дар шаҳри Вошингтон кору зиндагӣ мекунанд. Аз рӯйи гуфташон дар ин муддат чандин корро иваз карда, ахиран дар соҳаи авлавиятнок фаъолият доранд. Вижагии Кайхусравро дар он дарёфтам, ки ҳарчанд солҳои дароз дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, вале тамоми унсури инсони шарқиро бо одобу рафтори тоҷикӣ дар худ ҳифз кардаанд. Эҳсос мешуд, ки ҷисман дар Амрико ва руҳан дар Тоҷикистон ҳастанд. Идома дорад... https://t.center/shrizoyon
Telegram Center
Telegram Center
Channel