View in Telegram
Ёддошти сафар ба Амрико (Х) Поёни гуфтор (2) Перомуни нимтанаҳои наҷотбахш. Дар тӯли рафту баргашт ва сафар дар дохили Амрико тақрибан 50 соат парвоз доштам. Инҷо як мушоҳидаро менависам, ки ба сафар мустақиман дахл надорад: пеш аз парвози ҳавопайпо ҳамеша меҳмондорон перомуни роҳи наҷот дар ҳолати изтирорӣ маълумот медиҳанд ва истифодаи нимтанаҳои наҷотбахши бодӣ (ҷалиқаҳои бодӣ)-ро мефаҳмонанд. Аксари сафарҳои ман ба кишварҳои дигар аз болои хушкӣ (кӯҳҳо) буд. Ин мавзуъ бароям ҳамеша ҷолиб менамуд, ки чӣ гуна бо ин роҳ наҷот ёфтан мумкин аст. Вале танҳо замони сафар ба Амрико, вақте аз болои уқёнуси Атлантик мегузаштем ва сафар ба иёлати Ҳавайӣ, ки масир комилан аз болои уқёнуси Ором буд, аҳамияти ин нимтанаҳои наҷотбахшро фаҳмидам. Азбаски меъёри байналмилалӣ наҷотдиҳии мусофирон дар ҳолати изтирории ҳавопаймо яксон будааст, бидуни ба назар гирифтани убури хушкӣ ё дарё онро ба мусофирон мефаҳмонанд. Перомуни тарҷумонҳо. Аз рӯйи адолат аст, агар дар бораи се тарҷумон, хонумҳо Еленаву Мария ва Павел каме нависам, ки моро хеле олӣ қабулу гусел карданд. Бардошти нахустини гурӯҳи ҳаштнафараи Осиёи Марказӣ аз Амрикоро маҳз ҳаминҳо шакл доданд, аз аввал то охири сафар ҳамроҳи мо буданд ва кори фаротар аз тарҷумониро иҷро карданд. Хонум Елена аз Укроин, хонум Мария аз Русия ва Павел аз Белорус буданд ва зиёда аз седаҳа дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд. Аз рӯйи гуфташон маълум гардид, ки ҳарсе дараҷаҳои илмӣ дошта, зиёда аз бист сол барои қабулу ҳамроҳии иштирокдорони барномаҳо аз кишварҳои пасошӯравӣ машғуланд. Кори худро дар сатҳи олӣ анҷом медиҳанд. Дар муносибат эҳтироми меҳмононро сахт риоя мекарданд, нармгуфтор буданд ва асабҳои оҳанӣ доштанд, ҳамеша мекӯшиданд ба мо машваратҳои лозимаро диҳанд, ки барояшон сипосгузорам. Замони будубош дар Вошингтон, Ҳонолулу ва Сан-Франсиско кӯшиданд ба беҳтарин ҷойҳо равем, тафреҳу гаштугузори моро барномарезӣ ва дар сатҳи олӣ баргузор карданд (тафсилоташро дар бахшҳои сафаргуфтаҳо аз шаҳри Вошингтон ва иёлоти Ҳавайӣ ва Колифорниё навиштам). Рӯзи охирони пеш аз бозгашт ба Ватан, мо иштирокдорони барнома бо тарҷумонҳо якҷо хӯроки шом хӯрдем. Он вақт ба мо гуфтанд, ки дар чанд соли охир беҳтарин гурӯҳе будем ва ягон мушкилие барояшон насохтем. Албатта, мо инро ҳамчун лутфи амрикоӣ қабул кардем ва ҳаргиз таъоруф напиндоштем. Перомуни маззаи ғизои амрикоӣ. Рӯзи сафар ба Амрико ҳамсарам аз нонвойхонаи “Сайёҳ”, ки рӯ ба рӯйи Автовакзали шаҳри Душанбе қарор дорад, бароям бист дона кулча харида буд. Ин кулчаҳо воқеан “тиллоӣ” будаанд ва охирашро дар Сан-Франсиско хӯрдам ва аз маззааш ҳамсафарон низ бенасиб намонданд. Аҷобаташ дар он аст, ки аслан маззаи худро дигар намекунад ва ба маҳорати нонпазии нонвойи “Сайёҳ” ҳамсафарон низ офарин гуфтанд. Агар сахт ҳам шавад, ба об тар мекунед, боз мисли пештара бомазза мешавад. Ин тавсия ҷанбаи тиҷоратӣ надорад, чун моли нағзро бояд нағз гуфт. Инро барои он навиштам, ки мушкилтарин унсури сафар ба Амрико ғизо буд. Чун аслан ба “нон хӯрдан” муносибати суннатӣ дорам ва таомҳои миллиамонро бартар аз ҳамаи ғизоҳои машҳур медонам. Хӯрокхурии мо дар Вошингтон (тафсилоти сихкабоби тоҷикиро дар поён меорам) ва Сан-Франсиско нисбатан беҳтар буд. Танҳо дар Ҳавайӣ “азоб” кашидам, чун маззаи ғизои онҷо барои ман аслан ғайритабиӣ буд, ба гуфти мардумӣ “мисли каҳ”, ки аслан мазза надорад. Ҳатто тамъи фастфудҳо низ дигар буд ва аз он чизе, ки дар Душанбе омода мекунанд – фарқ дошт. Чӣ қадар бомазза будани ғизоҳои худамонро дар Сан-Франсиско эҳсос кардам. Каме дуртар аз меҳмонхонаи мо дукони ғизои афғонӣ буд. Ба онҷо рафта оши кобулӣ бо гушти гӯсфанд гирифтам ва баъди ин қадар “азоб” ҳар як чумчаи он аз дигараш бомазза менамуд... Хулоса, ин таҷрибаи ман аст ва агар Шумо ба Амрико рафта бошед, ё онҷо зиндагӣ кунед, ба эҳтимоли зиёд назари дигар доред. Идома дорад... https://t.center/shrizoyon
Telegram Center
Telegram Center
Channel