Ёддошти сафар ба Амрико (IХ)
Перомуни густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико (2)
Сеюм, муҳоҷират як падидаи ҷаҳонӣ буда, аз ҳамаи кишварҳои пешрафта ва рӯй ба рушд ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷост, ки ҳамасола таъдоди муайяни ҳамватанон ба Амрико аз тариқи грин-кард ва ғайра барои зиндагии доимӣ кӯч мебанданд. Бинобар омилҳои хос, тавонмандиҳои инсонии муҳоҷирони ватанӣ дар Амрико аз кишварҳои дигари мизбони онҳо ба таври қобили мулоҳиза фарқ мекунад. Аксари онҳое, ки ба Амрико рафтанд, дар Тоҷикистон низ инсонҳои комёб ва дар риштаи худ соҳибкасб буданд. Дар Амрико дар соҳаҳои гуногун: омӯзишу парвариш, пажуҳиш, тиҷорат, фанновариҳои муосир, хидмати давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хидматрасонӣ ва ғайра фаъолият доранд. Ҷомеаи тоҷикистониҳои Амрико дар дарозмуддат барои рушди устувори кишвар, ба вижа барои дастёбӣ ба фанновариҳои имрӯза ва ҳимояти роҳбурди беруна хидмати арзанда карда метавонанд. Дар ин самт, сабақгирӣ аз вазъи ҳамватанонамон дар Русия аз аҳамият холӣ нест, то тақдири онҳо бо тоҷикистониҳои муқими Амрико такрор нашавад. Лозим ба назар мерасад, ки аз равиши кори чиниҳо, ҳиндуҳо, арманиҳо ва ғайра бо ҳамватанони бурунмарзиашон таҷриба гирем, як роҳкорро барои дарозмуддат таҳия ва аз рӯйи он иқдом кунем.
Чорум, боздошти зодагони Осиёи Марказӣ дар Амрико бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои даҳшатафкан мавзуи ҳамкориҳо дар ин самтро мубрам кардааст. Мутаассифона, миёни боздоштшудагон зодагони Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Тавре 9-уми марти соли 2024 роҳбари кишвар дар дидор бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
зикр карданд: “дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон ба таркондани худ даст задаанд” . Истифодаи абзории зодагони кишвар дар амалиёти интиҳорӣ аз ҷониби Шохаи Хуросони Доиш бештар паҳлуи хориҷӣ дорад. Чун ҷонибҳои муайян бо афсонабофию ривоятсозӣ аз тариқи расонаҳо ин мавзуро бозтоб медиҳанд ва сиёсати роҳбурдии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо даҳшатафканиро хадшадор кардан мехоҳанд. Арзёбии ривоятҳои як соли охир нишон медиҳанд, ки омили ҳузури зодагони кишвар дар сафи гурӯҳҳои даҳшатафкан дар бозиҳои геополитикӣ васеъ истифода шуда, масъалаҳои навро ба сиёсати хориҷӣ ба вуҷуд овардааст. Таҳлили мавзуъ, ба вижа ривоятҳои сохтусоз мешуда нишон медиҳанд, ки ҳадафи аслӣ эҷоди имиҷи манфӣ барои кишвар ва барои мо тоҷикон мебошад. Барои коҳиши таъсири эҳтимолию воқеии чолишҳои манфӣ барои сиёсати хориҷӣ ва тасвири зодагони кишвар лозим ба назар мерасад, ки ҳамкориҳо дар ин самт бо Амрико густариш ёбанд. Ҳамзамон, ҳимояти вижаи расонаии таҷрибаи муқовимат ба даҳшатафканӣ дар кишвар, натиҷаҳои ҳамоишҳои сатҳи баланди “Раванди Душанбе” ва бештар муаррифӣ кардани ривояту дидгоҳҳои ватанӣ барои мухотабони беруна аз аҳамият холӣ нест.
Панҷум, густариши ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ бо Амрико имконоти зиёдеро барои боло бурдани тавонмандиҳои инсонӣ дар кишвар ба вуҷуд меорад. Дар ин росто таъсиси донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико, ё намояндагиҳои мактабҳои олии Амрико назди донишгоҳҳои кишвар дар риштаҳои гуногун аз аҳамият холӣ нест. Чунин таҷриба дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дида мешавад ва барои ҳамин эҳтимоли татбиқаш низ вуҷуд дорад.
Шашум, аз миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ танҳо барои Қирғизистон ислоҳияи Ҷексон-Веник ба Қонуни тиҷорати Амрико дар аввали солҳои 2000-ум бекор мегардад. Ҳамасола риояи ислоҳияи Ҷексон-Веник барои Қазоқистон ва Ӯзбекистон боздошта мешавад. Кишварҳои минтақа барои пурра бекор шудани риояи ин ислоҳия бо амрикоиҳо гуфтушунид мебаранд. Дар рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико ин мавзуъ аз солҳои 2010-ум ба мушоҳида мерасад. Агар татбиқи ин ислоҳия нисбат ба Тоҷикистон пурра бекор шавад, як такони ҷиддие барои тиҷорати дуҷониба ва роҳ ёфтани тавлидоти ватанӣ ба бозори Амрико мегардид
(Ислоҳия соли 1974 аз ҷониби Конгресс ба тасвиб мерасад. Мазмунаш ин аст, ки кишварҳои ба муҳоҷирати шаҳрвандони худ монеа месохта, бо Амрико тиҷорати озод дошта наметавонанд. Кишвари мо ҳоло ба муҳоҷират чунин муносибат надорад ва аз доираи амали ин ислоҳия берун аст).
Идома дорад...
https://t.center/shrizoyon