Нашри матолиб ба ҳуруфи форсӣ
Дӯстони гиромӣ,
Тасмим гирифтам, ки аз ин ба баъд навиштаҳои худро ҳам ба ҳуруфи сирилик ва ҳам ба форсӣ инҷо нашр кунам, то корбарон аз Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, ки форсизабонон онҷо зиндагӣ мекунанд, матнҳоро хонда тавонанд. Умедворам Шумо ин иқдоми маро мепазиред.
Якуним сол пеш, 21 феврали соли 2023 ин каналро созмон дода будам, ки ҳадафаш нашри нигоштаҳо перомуни сиёсати хориҷии Тоҷикистон, арзёбии равандҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ, баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон, навиштаҳои арзишманди дӯстону ҳамкасбон перомуни ин мавзуҳо ва дигар мушоҳидаву бардоштҳоям мебошанд.
Нашри матлабҳо ба ҳуруфоти форсиро аз “Ёддошти сафар ба Амрико” оғоз мекунам. Тавре иттилоъ доред, тобистони имсол бо як сафари дуҳафтаина дар Амрико будам. Пас аз бозгашт, ба навиштани бардоштҳо аз сафар шурӯъ кардам, ки як бахши калонаш дар “Андешакада” нашр шудаанд.
Ёддошти сафар ба Амрикоро дар даҳ бахш навишам: 1) Пешгуфтор; 2) Сафар ба Амрико чӣ гуна фароҳам шуд?; 3) Перомуни International Visitor Leadership Program (IVLP); 4) Он чӣ дар шаҳри Вошингтон дидам; 5) Он чӣ дар иёлати Ҳавайӣ ва шаҳри Ҳонолулу дидам; 6) Он чӣ дар иёлати Колифорниё ва шаҳри Сан-Франсиско дидам; 7) Нигарониҳои Амрико аз Чин ё сабабҳои садгузории ҷаҳонии Чин; 8) Перомуни сиёсати Амрико дар самти Осиёи Марказӣ; 9) Перомуни густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико; ва 10) Поёни гуфтор.
Ба назарам, барои мухтабони ҳавзаи забони форсӣ ду бахш - яъне “Нигарониҳои Амрико аз Чин ё сабабҳои садгузории ҷаҳонии Чин” ва “Перомуни сиёсати Амрико дар самти Осиёи Марказӣ” бояд ҷолиб бошанд. Аз нигоштаи баъд ба нашри он оғоз мекунам.
Пешопеш ба иттилои Шумо мерасонам, ки барои баргардон аз ҳуруфи сирилик ба форсӣ аз имконоти фанновариҳои муосир истифода кардам ва агар ҷойе хатоеро дидед, лутфан сахт нагиред.
Умедворам маро инҷо пайгирӣ мекунед.
Бо иродат,
Шералӣ Ризоён
https://t.center/shrizoyon