Ба муносибати рӯзи забони давлатӣ!
✍️ Бо қалами Саъдӣ Ворисӣ, таҳлилгари робитаҳои байналмилалӣ
НИГОҲЕ БА ВАЗЪИ ПОРСӢ - ТОҶИКӢ ДАР МИНТАҚА ВА ТОҶИКИСТОН (2)
Тоҷикӣ дар Тоҷикистон: “Қудратманду ошуфта”.
Тоҷикӣ дар кишвари мо забони расмист, давлатист. Қудрат дорад. Ҳукумат дорад, аммо вазъияти умумияш байни суру суг аст. Ҷоҳое хеле одамро шахсияту ғурур медиҳад ва ҷоҳое парешону ҳазин мекунад. Қудратгирии тоҷикӣ дар хеле аз бахшҳо мушоҳида мешавад. Ҳаҷми азими рекламаву таблиғот бо ин забон садо медиҳанду гӯяндагони пурмаҳорату бофасоҳат ҳам кам нестанд. Озмунҳои китобхониву шеъру суруд хеле истеъдодҳову забондондонҳоеро чеҳранумоӣ мекунад, ки мисли ганҷҳои хуфта зоҳир мешаванду дар ғановати тоҷикӣ саҳм мегузоранд. Ин албатта шодиовар аст, аммо дар ин баробар ҳанӯз ҳам тоҷикӣ дар қолаби русӣ рехта мешаваду рушду нумуъ мекунад. Бархе вожаҳову таъбирҳо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва беҳунарона аз ин забонанд, ки ошуфтагӣ меёранд. Рӯзе нест, ки дар шабакҳои иҷтимоӣ баҳсҳое атрофи ғалатҳои забонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор нагиранд.
Бо вуҷуд, забони мо, ки яке аз арзишҳои муҳимми маънавӣ ва миллии мост, ки дар баробари чолишҳои гуногун ҷонсахтӣ мекунаду дар якҷо намеистад. Дар ҳаракат аст. Барояш баракат орзу мекунам ва ин рӯзи хуҷастаро ба ҳама порсигӯёну тоҷикзабонон хуҷаставу муборак мегӯям.
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад!
Рӯзи забон муборак!
https://t.center/shrizoyon