Смотреть в Telegram
СЕ ИБРАТИ РОҒУН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (2) Дуюм, ибрати Роғун таҷрибаи давлатдории миллӣ дар кишварро таҳким бахшида, барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати собит далели ҷиддӣ мебошад. Таҳлили фазои иттилоотӣ нишон медиҳад, ки перомуни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ истилоҳоти гуногуни манфӣ истифода мешавад, ки дар умум барои камранг нишон додани дастовардҳои мавҷудаи замони истиқлолият равона шудаанд. Бар хилофи ин гуна ақидаҳо, таърихи сиёсии Тоҷикистон дар замони истиқлол, мавҷудияти барномаҳои давлатии рушди устувор (амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд то соли 2015, таҳия ва дар ҳоли татбиқ қарор доштани Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 ва дар раванди таҳия қарор доштани Консепсияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2050) собит месозад, ки кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, ваҳдат ва ягонагии миллиро устувор намуд ва суботу амниятро тақвият бахшид. Худи ин дастовард далели давлати собит будани Тоҷикистон мебошад. Ибрати Роғун паҳлуи дохилӣ ва хориҷии мафҳуми давлати собитро баръало равшан ва асоснок менамояд. Сеюм, ибрати Роғун нишондиҳандаи сиёсати хориҷии муваффақи кишвар аст, ки боназардошти тамоми фишору шароити номусоиди минтақавӣ дар амал татбиқ карда шуд. Маҳз дарк гардидани анҷоми бунёди НБО-и Роғун ҳамчун абзори муҳими татбиқи манфиатҳои миллӣ дар шароити муосир аз амалкардҳои давлатӣ дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Агар кори ҷисмониро муҳандисону коргарони зиёд дар бунёди Роғун ба анҷом расонида бошанд, пас ҷабҳаи бисёр мушкилу пурхатари сиёсати минтақавӣ ва байналмилалиро дипломатҳо ва таҳлилгарони миллии кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар дӯш доштанд. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки кишвари мо дар самти ҳифзу татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ соҳиби таҷрибаи ҷиддӣ гардид, ки ин шароит дар дарозмуддат ҷиҳати амалисозии барномаҳои дигари стратегии мамлакат хизмати арзандаро иҷро хоҳад кард. Дар умум, оғози фаъолияти НБОи Роғун гардиши усулиро дар шинохти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба вуҷуд меорад ва шароити арзанда ва мувофиқро барои ребрендинги кишвар ҳамчун давлати собит ва дорои имконияти васеъи инсонию табиӣ муаррифӣ менамояд. Дар дарозмуддат метавон интизор шуд, ки ба тадриҷ имиҷи мусбати Тоҷикистон ташаккул ва тақвият дода мешавад. https://t.center/shrizoyon
Telegram Center
Telegram Center
Канал