Смотреть в Telegram
СЕ ИБРАТИ РОҒУН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (1) Шарҳи навишта: Шаш сол пеш ҳамин рӯз як ёддошти кутоҳеро ба муносибати ба кор дароварда шудани аввалин чархаи Неругоҳи барқию обии Роғун (16-уми ноябри соли 2018) навишта будам. Имрӯз низ дар ҳамин андешаам, ки неругоҳи Роғун як намунаи мусбати таҷрибаи давлатдорӣ ва давлатсозӣ дар кишвар аст. Навиштаи шаш сол пешро ба таваҷҷуҳи Шумо пешкаш мекунам. ***** Дар шароити имрӯзаи рушди кишвар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад, зеро барои давлатҳо дар вазъи кунунии ҷаҳон бисёр муҳим аст, ки омилҳои заминасози истиқлолияти давлатии худро тақвият бахшанд ва имконоти мавҷудаи табиӣ ва инсониро барои рушди он васеъ истифода кунанд. Сиёсати имрузаи байналмилалӣ як силсила ибратҳои гуногунро барои мо муаррифӣ мекунад, ки сиёсатмадорони ҷаҳон барои амалӣ намудани ташаббуси худ ё ин ки ҳифзи дастоварди мавҷуда иқдомҳои гуногунро рӯи даст мегиранд ва он пеш аз ҳама барои тақвияти иқтидори давлатӣ равона шудааст. Ҳар давлат вобаста ба дарки ҷойгоҳи худ дар сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барномаи рушдро таҳия ва дар амал татбиқ менамояд, ки он барои ба саодат расонидани шаҳрвандон нигаронида шудааст. Пӯшида нест, ки дар се даҳсолаи Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои усулӣ ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст омаданд. Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ барои наслҳои минбаъда фазои озод ва шароити мусоидро ба вуҷуд меорад, ки дар дарозмуддат дар ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мақоми калидӣ доранд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ноил ба он гардид, ки рӯзи 16 ноябр аввалин чархаи Неругоҳи барқию обии Роғун ба кор дароварда мешавад. Лоиҳаи мазкур дар ду даҳсолаи охир бо дарназардошти шароити номусоиди минтақавӣ ва таъсири мустақиму ғайримустақими қудратҳои гуногун бо иродаи қавӣ ва эҳсоси амиқи тафаккури давлатӣ дар амал татбиқ карда шуд. Ҳодисаи мазкурро метавон гардиши усулӣ дар рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон номбар кард, ки баъди он кишвари мо ба марҳилаи комилан дигари рушд ворид мегардад ва ояндаи дурахшону босаодати миллиро таъмин месозад. Анҷоми корҳои асосӣ ва ба фаъолият шуруъ намудани чархаи аввалини НБО-и Роғун чанд ибрати ҷиддиро муаррифӣ мекунад, ки барои рушди ояндаи Тоҷикистон ва тақвияти таҷрибаи миллии давлатдорӣ аҳамияти стратегӣ дорад: Нахуст, Тоҷикистон исбот намуд, ки дар самти давлатдорӣ ва давлатсозӣ таҷрибаи худиро ба вуҷуд овардааст, ки он барномарезӣ намудани рушди кишвар дар дурнамои дарозмуддат мебошад. Таҳия ва дар амал татбиқ намудани чунин барномаҳо аз ду омил, яъне: якум, иродаи қавии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва дуюм, заминаи иҷтимоии он дар дохили кишвар, яъне дастгирии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон аз иқдому сиёсати элитаи сиёсӣ бо дарназардошти маҳрумиятҳо ва дарки зарурати он барои рушди минбаъдаи мамлакат вобаста аст. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир тақозо дорад, ки давлат барномаи комилан миллӣ ва дохилии рушдро дошта бошад. Тавре аз фалсафаи сиёсат бармеояд, агар давлат барномаи вижа надошта бошад, пас аз рӯи барномаи дигарон пеш меравад. Шароити дуюм дар дарозмуддат хатари ҷиддиро барои татбиқи манфиатҳои миллӣ ва умуман соҳибихтиёрии давлатӣ ба вуҷуд меорад. Ибрати ба фаъолият шуруъ намудани чархаи аввали Роғун собит мекунад, ки Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои муосир ва ғайриқобили пешбинӣ гардидани равандҳои сиёсати ҷаҳонӣ бар хилофи сиёсати инерсионӣ амалан сиёсати фаъоли миллиро барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ дар дарозмуддат рӯйи даст гирифтааст. Чунин сиёсати миллӣ бо барномарезии рушди стратегии давлат дар дурнамо барои ҳифзу татбиқ гардидани манфиатҳои дарозмуддати миллӣ таъсири мусбат мерасонад. P.S. Идомаро дар нигоштаи баъди бихонед. https://t.center/shrizoyon
Telegram Center
Telegram Center
Канал