Смотреть в Telegram
СОЛГАРДИ ОҒОЗИ ТӮЛОНИТАРИН ҶАНГИ АМРИКО ✍️ Бо қалами Рустам Азизӣ, донишманди хушноми кишвар 23 сол пеш, 7 октябри соли 2001 Амрико ба Афғонистон бо ҳадафи нобуд кардани *Ал-Қоидаву *Толибон ва таъмини амнияти ҷаҳонӣ ҳуҷум кард. Ривояти собити онвақта ин буд, ки Амрико ва ҳеҷ як кишвари дигари мутамаддин бо созмон ва гурӯҳҳои террористӣ гуфтушунид намекунанд ва онҳоро бояд нобуд созанд. Бо гузашти ду даҳсола ин ривоят на танҳо аз ҷониби созандагонаш “таҷовуз” гардид, балки имрӯз ба ёд оварданаш “ҷурм”, “камбуд” ва “ба талаботи замон мувофиқ набудан” “тафсир” мешавад. Паёмадҳои ин ҷанг то ҳол маълум нест, кишварҳои ворид ба масъалаи Афғонистон ва ҳамсояҳои он баҳогузорӣ, бардошт ва интизориҳои гуногун доранд. Ҷанги Афғонистон тӯлонитарин ҷанг дар таърихи ИМА буд, ки ба он зиёда аз 2,3 триллион доллар сарф гардид. Дар ин давра зиёда аз 240 ҳазор афғонистонӣ, аз ҷумла қариб 8 ҳазор кӯдак кушта шуданд. Ҳамчунин, силоҳу таҷҳизоти ҳарбиии зиёде ба арзиши миллиардҳо доллар дар он ҷо монданд, ки барои Афғонистон ва ҳамсояҳои он солҳои наздик омили хатарзо хоҳад буд. Перомуни натиҷа ва ҳадафҳои тасмими воридсозии нерӯҳо, ҷанги бистсола ва берун кашидани низомиҳо, дар умум ин тасмиму иқдом ҳанӯз саволҳо аз ҷавобҳо бештаранд. Шароити мазкур теорияҳои бисёри тавтеъаро ба бор оварда, аз ҷониби қудратҳо ва ҷонибҳои манфиатдор истифода мешавад. Ҳоло натиҷаи ҳузури бистсолаи ИМА ва ҳампаймонҳояш дар Афғонистон – талафоти зиёди инсонӣ, миллионҳо гуреза, нокомии ҳадафҳои амалиёт, хароҷоти бенатиҷа ва рафтани “шармандавор” аст ё шояд ягон “ҳикмати пӯшидае” нуҳуфтааст, ко барои мо “пинҳон” аст?🤔 https://t.center/shrizoyon
Telegram Center
Telegram Center
Канал