⚡️ Дар вилояти Хатлон беш аз 3 тонна дору ва маҳсулоти тиббиву беҳдоштиро, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, сӯзонда ва нобуд кардаанд. Арзиши онҳо наздики 250 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
💬 Дар ин бора як масъули Раёсати тандурустии вилоят ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфт, як қисм аз ин дору ва мҳсулотҳоро ширкатҳои дорусозӣ ва марказҳои дармонӣ барои нобуд кардан ба раёсат оварда супоридаанд.
Қисми дигарро мутахассисони ин ниҳод ҳангоми санҷиши дорухонаҳо, ширкатҳои дорусозӣ ва муассисаҳои табобатӣ дарёфт ва аз муомилот гирифтаанд.
Ба гуфти манбаъ, дар маҷмуъ 3 тоннаю 331,2 кг дору ва маҳсулоти тиббиву дармонӣ, ҳамчунин, ороишиӣ бо арзиши 247 ҳазору 843,6 сомонӣ сӯзонда ва нобуд карда шудаанд.
✅Бо ❤️ бошед:
Telegram ✅