Смотреть в Telegram
❗️Аз 17-ум то 19-уми ноябр дар бархе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд роҳҳои мошингард муваққатан баста мешаванд. 🗯 Дар ин бора шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дода, гуфтааст, ки ин роҳбандӣ дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин вилоят дар нақша гирифта шудааст. Ҳамин тавр, тибқи иттилоъи манбаъ: - рӯзи 17-уми ноябр кучаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Аминҷон Шукуҳии шаҳри Хуҷанд, кучаҳои марказии ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, кӯчаҳои маркази деҳаи Зархалоли ҷамоати Якатол ва хиёбони Исмоили Сомонии шахри Истаравшан; - рӯзи 18-уми ноябр, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров, кучаҳои Раҳмон Набиев, 75-солагии Ғалаба, Саноатчиён, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон, кӯчаи Ҳобилов, роҳи нақлиётгарди Деҳмой-Конибодом, ҳудуди шаҳраки Ғафуров, кучаи Исмоили Сомонии ноҳияи Бобочон Ғафуров ва кӯчаҳои Бобочон Ғафуров, Абдусаттор Юсупови ҷамоати Исфисори ин ноҳия; - рӯзи 19-уми ноябр, роҳи роҳҳои Гулистон-Додобой, Холматов-Хуҷанд, кӯчаҳои Сирдарё, 60-солаги октябр, 25-солагии истиқлолият то маҳаллаии сеюми шаҳри Хуҷанд, кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, роҳи мошингузари Хуҷанд-Ғафуров, кӯчахои марказии шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон баста хоҳанд буд. Давомнокӣ ва соати баста шудани роҳҳо гуфта нашудааст. Дар робита ба ин мақомот аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хостаанд, ки ҳаркарти худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафати ин роҳҳо идома диҳанд. Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Telegram Center
Telegram Center
Канал