Matin News

Channel
Logo of the Telegram channel Matin News
@matin_newsPromote
118
subscribers
27
photos
20
videos
14
links
Хабарҳои тоза ва дақиқ! Реклама ва ҳамкорӣ: @Mat_Blog Саҳифаи аслӣ: @MatBlog
Созандаи Телеграм Павел Дуров дар фурудгоҳи Фаронса дастгир шуд, ҳангоми аз самолёти шахсии худ фаромадан.

Хотиррасон мекунем, ки Дуров шаҳрвандии Фаронсаро низ дорад, сабаби дастгир шуданаш ин шабакаҳои ғайриқонуние дар Телеграм мебошад, ки Дуров онҳоро махкам намекунад ва дар ин сурат худаш ҳам ба қавле иштирокчии ҳамин гуруҳҳо ба шумор меравад.

Уро метавонанд то 20 сол дар пушти панҷара махкам кунанд.
Дар Русия ба эҳтимол YouTube ҳам баста мешавад

Шабакаи YouTube дар Русия моҳи сентябр метавонад баста шавад, менависад “Gazeta.ru” бо такя ба манбаъҳояш дар мақомоти ин кишвар.

Ба навишти манбаъ, дар моҳҳои июл-август дар баъзе минтақаҳои Русия шароити кори YouTube бадтар мешавад ва ҳамчунин суст кор мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар моҳи сентябр басташавии шабакаи мазкур оғоз мешавад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оқибати шамоли сахт дар шаҳри Душанбе.
Дар Сингапур марде дар казино 2,9 миллион доллар бурд намуда аз сактаи дил дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Наворҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр кормандони казино кӯшиш мекунанд, ки ба марде, ки дар фарш дар назди мизи бози хобидааст кӯмак расонанд. Дар ҳамин вақт зане дар наздикӣ дод мезанад, ки аз афташ зани у ҳаст.

Кормандони ёрии таъҷилӣ ба ҷои ҳодиса расиданд, аммо натавонистанд ба ӯ кӯмак расонанд. Тибқи иттилои пешакӣ, бозингар аз хабари пирӯзӣ ба ҳаяҷон омада, дилаш тоқат накардааст.

Хабарҳо дар @Matin_News
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Гуфта шудааст, ки онҳо сараввал духтараки 16-соларо ба шавҳар додаанд, аммо пас аз он ки духтарак шикоят мекунад, ки дар хонаи шавҳараш "шапушк" ҳаст ӯро аз шавҳараш ҷудо кардани мешаванд.
Риояи одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳатмист!

Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Муҳаммадиева Ҳусноро Шуҳратовна, санаи таваллудаш 06.08.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи шахсии худро таъсис дода, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиёни худ мунтазам расм ва наворҳои нимурёну гайриахлоқии худро нашр намудааст.

Воқеан чунин амали ношоиста, ки берун аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дур аз оини миллист, ба зеҳну ахлоқи наврасон таъсири манфии худро мерасонад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Як шаҳрванди 20-солаи бекори Тоҷикистон Аскар Б. дар Маскав шаби гузашта вориди Храми русҳо бо номи адмирал Феодор Ушаков дар Бутовои Ҷанубӣ шуда, шамъҳои дохили храмро пуф карда хомуш мекунаду ҳангоми баромадан як занаки шоҳидро тела карда аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Ҷавони бетаъхир боздошт шуд - ӯ изҳор дошт, ки шамъҳоро хомӯш кардааст, то эҳсосоти имондоронро ранҷонад. Аз рӯи моддаи «Поймол кардани ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва дин» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маълум аст, ки Аскар дар хобгоҳе дар Бутовои Ҷанубӣ дар наздикии маъбад сабти ном шудааст.
Хабари хуш, рубл яку якбора ба боло хест. Срочно пулотона равон кунед, ки имконияти фаромадан дорад.
Думаи давлатӣ дар хониши аввал лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки давраи будубоши хориҷиёнро дар Русия бидуни раводид то 90 рӯз дар давоми сол коҳиш медиҳад ва "режими озодкунӣ"-и муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷорӣ мекунад.
Садама дар шаҳри Хуҷанд. Мошини боркаш ва спринтер ба ҳам бархурдаанд Ҳодиса рӯзи 16.06.2024 рух додааст

Дар бораи осебдидагон ҳоло маълумоти аниқу дақиқ дастрас нест.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз. Мошинро бо суръати баланд наронед!
More