Бо мақсади таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ имрӯз ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, бо иштироки роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш натиҷаи таҳлилу ҷамъбасти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар пешгирӣ, ошкоркунӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли маърифати ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласаи мазкур прокурори шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Мизробшо, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Саидзода Шоҳрух, сардори Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ш.Душанбе Самадов Талабшоҳ, сардори Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар ш.Душанбе Сафарзода Суҳроб, оид ба амалигардонии соли маърифати ҳуқуқӣ, вазъи иҷроиши талаботи қонунгузорӣ, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқиву ҷиноятӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт тартибу низом ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз намуда, суботу оромиро таъмин менамоянд.
Дар фарҷом ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ш.Душанбе, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
С целью обеспечения выполнения указаний и поручений, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона и Председателя города Душанбе, уважаемого Рустама Эмомали, сегодня, состоялось заседание Координационного совета правоохранительных органов города Душанбе, с участием руководителей и личного состава столичных правоохранительных структур.
На этом мероприятии, были обсуждены результаты анализа и итогов деятельности правоохранительных органов города Душанбе по профилактике, раскрытию и борьбе с преступностью в Год правового просвещения.
На заседании, прокурор города Душанбе, Абдурахмонзода Мизробшо, начальник Управления МВД по городу Душанбе, Саидзода Шохрух, начальник Управления Государственного комитета национальной безопасности по городу Душанбе, Самадов Талабшох, начальник Управления Агентства по борьбе с коррупцией по городу Душанбе, Сафарзода Сухроб, выступили с докладами о реализации Года правового просвещения, состоянии соблюдения требований законодательства, профилактике противоправных и преступных действий, а также повышении правовой осведомленности граждан.
Подчеркивалось, что в сотрудничестве и согласованности все правоохранительные органы столицы обеспечивают порядок, защищают права и интересы граждан, а также поддерживают стабильность и спокойствие.
В завершении заседания, для более эффективного исполнения служебных обязанностей, членами Координационного совета правоохранительных органов города Душанбе были приняты соответствующие решения.
@dushanbe_police_tj