Азия-Плюс TJ

Channel
Logo of the Telegram channel Азия-Плюс TJ
@asiaplustjPromote
31.18K
subscribers
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Сомона - www.asiaplustj.info/tj Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард
Чӣ бояд кард, агар дар мактаб шуморо озор медиҳанд?

🏫 Агар дар мактаб мавриди озор ё булинг қарор гирифтед ва ё шоҳиди он шудед, фавран ба омӯзгорон, волидон, директор ва ё равоншиноси мактаб муроҷиат кунед. Ин барои амнияти шумо ва дӯстонатон  бисёр муҳим аст.

Омӯзгорон ва волидон дар ҳолати мустақилона наёфтани роҳи ҳал, метавонанд тариқи рақамҳои 221 79 89, 221 79 69  info@ombudsman.tj ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё намояндагии он дар минтақаҳо ва ё ВКД (221-87-20; 227-67-00) муроҷиат намоянд.

☎️ Рақамҳои дигари ниҳоди масъул:

Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳо:

Хоруғ (ВМКБ): к. Ленин, 25, + (8) 3522-2-32-84, khorug@ombudsman.tj

Хуҷанд (Суғд): к. Фирдавсӣ, 120, ошёнаи 4, + (8) 3422-6-28-68, khujand@ombudsman.tj

Бохтар (Хатлон): к. Б.Ғафуров, 11, + (8) 3222-2-79-32, qurgonteppa@ombudsman.tj

Кӯлоб (Хатлон): хиёбони И. Сомонӣ, 36, ошёнаи 4, ҳуҷраи 42, + (8) 3322-2-22-93, kulob@ombudsman.tj

Турсунзода (НТҶ): к. И.Сомонӣ, 37, + (8) 3130-2-85-10, tursunzoda@ombudsman.tj

Исфара (Суғд): к. Марказӣ, 10, + (8) 3462-2-78-82, isfara@ombudsman.tj

Айнӣ (Суғд): к. Рӯдакӣ, 37, (ошёнаи 2), + (992) 92-707-06-65, ayni@ombudsman.tj

Рашт (НТҶ): шаҳраки Ғарм, к. И.Сомонӣ, 42, + (8) 3131-2-14-13, rasht@ombudsman.tj

Қабодиён (Хатлон): к. И.Сомонӣ, 36, + (8) 3251-2-26-35, qubodiyon@ombudsman.tj

Вазорати корҳои дохилӣ:
(+992 37) 221-86-76, почтаи электронии kotibot.khphnj@vkd.tj.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️ Дар вилояти Хатлон беш аз 3 тонна дору ва маҳсулоти тиббиву беҳдоштиро, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, сӯзонда ва нобуд кардаанд. Арзиши онҳо наздики 250 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

💬 Дар ин бора як масъули Раёсати тандурустии вилоят ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфт, як қисм аз ин дору ва мҳсулотҳоро ширкатҳои дорусозӣ ва марказҳои дармонӣ барои нобуд кардан ба раёсат оварда супоридаанд.

Қисми дигарро мутахассисони ин ниҳод ҳангоми санҷиши дорухонаҳо, ширкатҳои дорусозӣ ва муассисаҳои табобатӣ дарёфт ва аз муомилот гирифтаанд.

Ба гуфти манбаъ, дар маҷмуъ 3 тоннаю 331,2 кг дору ва маҳсулоти тиббиву дармонӣ, ҳамчунин, ороишиӣ бо арзиши 247 ҳазору 843,6 сомонӣ сӯзонда ва нобуд карда шудаанд.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❗️Аз 17-ум то 19-уми ноябр дар бархе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд роҳҳои мошингард муваққатан баста мешаванд.

🗯 Дар ин бора шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дода, гуфтааст, ки ин роҳбандӣ дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин вилоят дар нақша гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, тибқи иттилоъи манбаъ:

- рӯзи 17-уми ноябр кучаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи
мошингарди Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Аминҷон Шукуҳии шаҳри Хуҷанд, кучаҳои марказии ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, кӯчаҳои маркази деҳаи Зархалоли ҷамоати Якатол ва хиёбони Исмоили Сомонии шахри Истаравшан;

- рӯзи 18-уми ноябр, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи
мошингарди Хуҷанд-Ғафуров, кучаҳои Раҳмон Набиев, 75-солагии Ғалаба, Саноатчиён, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон, кӯчаи Ҳобилов, роҳи нақлиётгарди Деҳмой-Конибодом, ҳудуди шаҳраки Ғафуров, кучаи Исмоили Сомонии ноҳияи Бобочон Ғафуров ва кӯчаҳои Бобочон Ғафуров, Абдусаттор Юсупови ҷамоати Исфисори ин ноҳия;

- рӯзи 19-уми ноябр, роҳи роҳҳои Гулистон-Додобой,
Холматов-Хуҷанд, кӯчаҳои Сирдарё, 60-солаги октябр, 25-солагии истиқлолият то маҳаллаии сеюми шаҳри Хуҷанд, кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, роҳи мошингузари Хуҷанд-Ғафуров, кӯчахои марказии шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон

баста хоҳанд буд.

Давомнокӣ ва соати баста шудани роҳҳо гуфта нашудааст.

Дар робита ба ин мақомот аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хостаанд, ки ҳаркарти худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафати ин роҳҳо идома диҳанд.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Тасмаи бехатарӣ на танҳо барои сафарҳои дуру дароз аст! Ҳатто ҳангоми рондан бо суръати паст ё дар сафарҳои кӯтоҳ, тасмаи бехатарӣ ҳатмист ва шуморо дар роҳ муҳофизат менамояд. Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи Шумо дар роҳ!

Бо бастани тасмаи бехатарӣ, шумо одати наҷотбахшро тарғиб менамоед. Дар дохили нақлиёт, барои насли нав намуна бошед!

#ТасмаиБехатариБандед

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)", бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ, ба таҳия расидааст!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🔥 Хабарҳои ҷаддиди олами санъату овозхонӣ, тафсилоти бештар дар бораи овоздиҳӣ тариқи телеграм-саҳифаи радиои «Азия-Плюс» ва як дунё хабару иттилои дигар дар доираи «Рӯзномаи Тарона».

❤️‍🔥 Ба ҷонибдории таронаи писандидаатон овоз бидиҳед ва таронаҳои беҳтаринро аз радиои «Азия-Плюс» бишунавед.

🤝🏻Ташкилотчиёни маросими бошукуҳи сол - @radioasiaplus ва @icb.tajikistan
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар
🇰🇷Шартҳои кор дар Корея пурра маълум шуд


Шартҳои кор дар Корея пурра маълум шуд. Ҷузъиёти тавофуқи Тоҷикистону Вазорати адлия дар пойгоҳи иттилоотиаш ҷойгир кард.

📑Тибқи ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 18 то 39 сол доранд, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир накардаанд, аз Корея ронда нашудаанд ва баромаданашон аз Тоҷикистон манъ нест, метавонанд ба Коррея раванд.

❗️Танҳо “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат ҳақ дорад шаҳрвандонро барои кор ба Корея фиристад.

💵Пули чипта барои сафарро худи корҷӯ пардохт мекунад. Ҳамчунин, ӯ дар Тоҷикистон ва Корея аз муоинаи тиббӣ мегузарад.

Коргар чӣ гуна интихоб мешавад, барои сафар кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст ва дар кадом ҳолат метавонанд коргарро ихроҷ кунанд, муфассал дар телеграм канали мо мутолиа кунед.

➡️ Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд

———————
Таблиғ:
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст ? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ pinned «⚡️Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд»
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Контент-провайдери "Рушди Мобилӣ" лотереяи “Имконият ба сӯйи хурсандиҳо”-ро барои муштариёни «Вавилон-Мобайл» эълон мекунад!

Ғолибонро бештар аз 60 туҳфаи арзишманд: смартфону ноутбук, телевизорҳо, мукофотҳои пулӣ ва боз бисёр чизҳои дигари ҷолиб интизор аст. Шоҳҷоиза - Электромобил Zeekr 001 Z-Sport мебошад.

Чӣ гуна метавон дар ин лотерея иштирок кард? Ҳамагӣ бо 3,5 сомонӣ шумо метавонед соҳиби ID-рақами иштирокчӣ шавед.

Роҳи аввал: ба рақами 1101 занг зада, дастурҳои овозиро пайравӣ ва рақами «1»-ро пахш кунед.

Роҳи дуюм: рақамҳои *1101#-ро чинда, иштироки худро бо пахш кардани рақами «1» тасдиқ кунед.

Роҳи сеюм: рақами “1”-ро дар шакли SMS ба рақами 1101 ирсол намоед

Ин иқдом то 24-уми январи соли 2025 давом мекунад. Ҳар қадар рамзи бештари ID ба даст оред, ҳамон қадар шонси бурдро барои худатон зиёдтар мекунед.
-----------
Таблиғ
🎬 Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба Русия меравад

Филми ҳунарии кӯтоҳи “Фурӯғ” дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои ҷавонон "МО", ки аз 26 то 29-уми ноябр дар хонаи синамогарони Русия доир мегардад, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.


Дар ин бора Одина Маҳмад, коргардони ин филм
ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, филм дар номинатсияи “Беҳтарин кори коргардонӣ” намоиш дода мешавад.

Дар ин синамофестивал аз 350 дархост 63 филм аз кишварҳои гуногун интихоб шуда, байни ҳам рақобат мекунанд. Гуфта мешавад, ҳамчунин ду филми дигар аз Ӯзбекистон ва Эрон бо филми “Фурӯғ” барои дарёфти ҷоиза рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, филми ҳунарии кӯтоҳи “Фурӯғ” моҳи октябри имсол сазовори ду ҷоиза гардид. Дар синамоҷашнвораи миллии Тоҷи Сомон дар бахши “Беҳтарин филми дебютӣ” ва дар 20-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои ҳаваскор ва касбӣ "Молодой киновек" ҷоиза ба даст овард.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️“Рақс бикун ҷоно...” Фестивали байналмилалии рақс чӣ гуна гузашт?

Шоми 12-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фестивали байналмилалӣ таҳти унвони “Рақс моро муттаҳид мекунад” намояндагони санъати рақси панҷ кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдаваро ба ҳам овард.


Дар фестивал ансамблҳои рақсии ин давлатҳо ва намояндагони расмии мақомоти дахлдор ширкат доштанд.

Фестивал бо иҷрои “Нақорабазм” аз ҷониби ансамбли рақсии “Зебо” оғоз гардид.

Баъди анҷоми қисмати расмӣ, дастаҳои рақсии “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Навои Бадахшон”, “Базморо” , “Парасту”, “Чаман”, “Лола” ва дастаҳои рақсии Суғду Хатлон аз Тоҷикистон навъҳои гуногуни рақси миллӣ, аз ҷумла “Зарафшонӣ”, “Рақси табақ”, “Рапо”, “Рақс бо қошуқ”-ро иҷро карданд.

Инчунин, дастаҳои рақсии “Баҳор”-и Ӯзбекистон, “Салтанат” аз Қазоқистон, “Берёзка” аз Русия, “Флуйераш” аз Молдава рақсҳои миллии худро намоиш доданд.

Миролим Саидов, Сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг гуфт, ин бори дувум аст, ки дар Тоҷикистон фестивали рақс доир мегардад.

“Баргузории фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид мекунад” барои табодули таҷрибаи гурӯҳҳо, ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои ҳунарии рақсии кишварҳо муҳим буда, барои муаррифии рақси миллии тоҷикӣ мусоидат мекунад” – гуфт ӯ.
Фестивал бо иҷрои рақс аз ҷониби ансамбли “Зебо” зери оҳанги “Эй санам” ҷамъбаст гардид.

Рӯзи 13 ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии фестивал доир мегардад.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Барои гузаштан аз роҳ дар ҷои муқаррарнашуда чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст


❗️Мутобиқи моддаи 340-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, барои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани 🚶пиёдагардон ё аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузаштани онҳо, огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи нисфи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (36 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.

📲Боз суол доред? – пас ба мо нависед.
__
Таблиғ: Агар шумо дар ҷустуҷӯи нӯшокие ҳастед, ки тароват бахшида, ба шумо нерӯи бештар диҳад, пас Mighty Rain беҳтарин интихоб аст. Маззаи нотакрори Mighty Rain – ин ҳамоҳангии се маззаи табиӣ: афлесун, лимӯ ва лайм мебошад.
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”

📌 Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Telegram Center
Telegram Center
Channel