View in Telegram
🎬 Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба Русия меравад Филми ҳунарии кӯтоҳи “Фурӯғ” дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои ҷавонон "МО", ки аз 26 то 29-уми ноябр дар хонаи синамогарони Русия доир мегардад, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард. Дар ин бора Одина Маҳмад, коргардони ин филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, филм дар номинатсияи “Беҳтарин кори коргардонӣ” намоиш дода мешавад. Дар ин синамофестивал аз 350 дархост 63 филм аз кишварҳои гуногун интихоб шуда, байни ҳам рақобат мекунанд. Гуфта мешавад, ҳамчунин ду филми дигар аз Ӯзбекистон ва Эрон бо филми “Фурӯғ” барои дарёфти ҷоиза рақобат хоҳанд кард. Бояд гуфт, филми ҳунарии кӯтоҳи “Фурӯғ” моҳи октябри имсол сазовори ду ҷоиза гардид. Дар синамоҷашнвораи миллии Тоҷи Сомон дар бахши “Беҳтарин филми дебютӣ” ва дар 20-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои ҳаваскор ва касбӣ "Молодой киновек" ҷоиза ба даст овард. Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Telegram Center
Telegram Center
Channel